Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли миқдори ниҳоят зиёди мухаддир аз ҷониби қочоқбарони афғон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд.
Бино ба иттилои ВКД ҶТ, тибқи маълумоти расида муайян карда шудааст, ки дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод байни деҳаҳои Кишт ва Шоун дар назди дарёи Панҷ, қоҷоқчиёни силоҳбадаст – шаҳрвандони Афғонистон марзи давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда, мехоҳанд, ки воситаҳои нашъадорро ба миқдори махсусан калон ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.
«Дар ин ҳолат, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қочоқчиён аз ҷониби кормандони шӯъбаи 6-уми Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ба онҳо амр карда шуд, ки дар ҷойи худ бозистанд, лекин қочокҷиён итоат накарда, борхалтаҳои дар даст доштаашонро ба замин партофта, ба самти номаълум фирор кардаанд», - зикр мегардад дар иттилои ВКД.
Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 100 килою 300 грамм маводи нашъадори «бангдона» ва 3 килою 715 грамм маводи нашъадори навъи «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста