Дар мувофиқа бо президенти ҷумҳурӣ бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар сохтори вазорат як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои торнамои расмии ВКД ҶТ, бо фармони вазир полковники милитсия Анвар Алиев сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД ҶТ ва полковники милитсия Қудратулло Назаров сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ таъин гардиданд.

Ҳамчунин подполковники милитсия Абдуҷалил Ашӯров сардори ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, полковники милитсия Абдураҳим Мирзоев сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ва полковники милитсия Раҳмонқул Давлатов сардори ШВКД дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъин карда шуданд.