Кормандони Идораи амнияти миллӣ ба ҳамкории нерӯҳои пулис дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 6-уми август як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар шабакаҳои теруристӣ боздошт кардаанд. Дар ин хусус ба «Азия-Плюс» рӯзноманигори афғони муқими ин шаҳр Хушқадам Усмонӣ иттилоъ дод.

«Маъруф Росих, сухангӯйи волии Бадахшони Афғонистон мегӯяд, фарди боздоштшуда, ки узвияти гурӯҳи «Ансоруллоҳ»-ро дорад, шаҳрванди Тоҷикистон аст. Сухангӯйи волии Бадахшон аз ин фард ҳамчун теруристи хатарнок ёд карда, гуфтааст, ки қасд дошт, ба як мақоми маҳаллии Бадахшон ҳамла кунад. Вай аз шахси мавриди ҳадафи ин фард ном набурд», - афзуд сарчашма.

Ба қавли Усмонӣ, фарди боздоштшуда, ки дар баробари дурбини хабарнигорон зоҳир карда шуд, гуфтааст, ки се сол қабл Тоҷикистонро тарк карда, ба Ирон рафтааст ва пас аз як соли иқомат дар Ирон ба Покистон рафта, масоили низомиро дар Вазиристони шимолӣ омӯзиш дидааст.

«Шаҳрванди боздоштшудаи тоҷикистонӣ (номаш зикр нашудааст) гуфт, ки ба хотири ҷиҳод ба Афғонистон омада, борҳо дар ҷангҳо алайҳи нерӯҳои байнулмилалӣ ва афғон дар манотиқе аз вилояти Пактиё ширкат кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар айни замон мехост аз тариқи марзҳои Бадахшон ба Тоҷикистон биравад ва фаъолиятҳои худро дар қаламрави он оғоз кунад», - иброз дошт Усмонӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз дар соли 2012 Суди олии ҶТ расман фаъолияти гурӯҳи "Ҷамоати Ансоруллоҳ"-ро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда, онро экстремистӣ ва теруристӣ номид.