Дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон, ки рӯзҳои 26-27 август дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир мегардад, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар вилояти Свердовск вохӯрӣ анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои як манбаъ аз ВКД ҶТ, дар ҷаласаи мушовара ҷараёни иҷрои нақшаи кории муштараки ВКД ҳарду кишвар барои соли 2013 ва нақшаи ҳамкорӣ дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор мегирад.
«Дар ҷаласа ҳамчунин баррасии масоили марбут ба ҳамкории мутақобилаи тарафайн дар бахши мубориза бо ифротгароӣ ва терроризми байнулмилалӣ, ҷинояткории фаромарзӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар назар аст», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз вазифаи асосии ҳамкории мақомоти ҳарду тараф дар табодули маълумоти фаврии муҳим мебошад, то ки ба андешидани тадбирҳои пешгирӣ алайҳи фаъолияти созмонҳои террористии байнулмилалӣ имкон фароҳам оварад.
Қобили зикр аст, ки нимослаи аввали соли равон дар натиҷаи баргузории панҷ амалиёти муштараки кормандони Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 50 кило маводи мухаддири героин мусоидра гардид.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста