Нимаи дуюми рӯзи 7-уми октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари санадҳои дар ҳамоиши охири сарони давлатҳои СААД, 23 сентябри соли 2013 баимзорасида доир ба кумаки фаврии техникӣ ба нерӯҳои марзӣ ва дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки иҷрои пурра ва саривақтии ин санадҳо ба нафъи таҳкими амнияту субот дар кулли минтақа хоҳад буд. Тавре иттилоъ дода шуд, кумаки мазкур бояд дар муддати 3 моҳ расонда шавад.
Гуфта мешавад, дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили ҳамкорӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД рӯзи 23-юми сентябр дар Сочи қарор шуд, ки ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кӯмак расонида шавад.
Рустам Ятимов аввалин футболбози тоҷик аст, ки дар финали Ҷоми Русия бозӣ мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 майи соли 2025
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
“Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад…” Абулқосим Фирдавсӣ кӣ буд ва оё аз “Шоҳнома”-и ӯ байте медонед?
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста