Муовини аввали директори Хадамоти федералии амнияти Русия, фармондеҳи Хадамоти марзбонии Русия генерал-полковник Владимир Кулишов шоми имрӯз ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, субҳи рӯзи чоршанбе ӯ бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид мекунад.

«Кулишов аз посгоҳҳои марзии сарҳадбонони тоҷик дар Панҷи Поён ва ноҳияи Ҳамадонӣ боздид намуда, бо фаъолияти ҳайати шахсии ин посгоҳҳо аз наздик ошно хоҳад шуд», - гуфт Х.Раҳматуллоев.

Зимнан зикр гардид, ки сипас Владимир Кулишов ба гузаргоҳи марзии Шерхон Бандари Афғонистон раҳсипор шуда, бо раҳбарияти нерӯҳои марзбонии афғон дидору гуфтушунид хоҳад кард.