Аз рӯи натоиҷи гуфтушуниди имрӯзаи роҳбарони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Афғонистон ва Русия дар гузаргоҳи сарҳадии Бандар Шерхони кишвари ҳамсоя миёни хадамоти марзбонии ин кишварҳо протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, дар протокол роҳу воситаҳои тақвияти ҳамкории ҷонибҳо дар самти ҳифзи марз, табодули маълумот, баргузор кардани амалиёти муштарак ва ғайра пешбинӣ шудаанд.

Санадро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, роҳбари пулиси марзбонии Афғонистон Аҳмад Зай ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Русия генерал-полковник Владимир Кулишов ба имзо расониданд.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз анҷоми гуфтушунид роҳбарони хадамоти марзбонии се кишвар бо шароити будубош ва хизмати марзбонон дар гузаргоҳҳои марзии Шерхон Бандар (Афғонистон) ва Панҷи Поён (Тоҷикистон) аз наздик шинос шуданд.