Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи роҳбарони Расонаҳои ахбори омма ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дархост оиди вохӯрӣ бо Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов истиқбол намуда, талош менамояд, ки пайваста бо онҳо дар иртибот бошад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, айни замон Вазири корҳои дохилии кишвар дар сафари хизматӣ дар вилояти Суғд қарор дошта, баъди сафар ин масъала бо Вазири корҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи он тавассути сомонаи Вазорат маълумот пешниҳод мешавад.

Гуфта мешавад, роҳбарияти Вазорат аз робитаи мутақобилан судманди рӯзноманигорон ва инъикоси воқеъбинонаи ҳодисаву рӯйдодҳо аз ҷониби эшон изҳори сипос намуда, боварӣ дорад ин ҳамкорӣ дар оянда низ, бо мақсади таҳкими қонуният, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа тақвият меёбад.