ШВКД-и ноҳияи Вахш пас аз як шабонарӯзи боздошт ҷасади Низомиддин Хомидови 26-соларо, ки дар содир намудани дуздӣ гумонбар буд, ба аҳли хонаводааш супурд.
Тавре падари марҳум Ҷунайдуло Хомидов дар сӯҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, фарзанди ӯ шаби аз 30-юм ба 31-уми март бо гумони даст доштан дар дуздӣ боздошт шуд. «Намояндагони ШВКД аллакай субҳ барои гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯйӣ ба хона омаданд. Дақиқан фарзанди ман чиро дуздид ман намедонам. Аммо корҳои ҷустуҷӯйиро дар хонаи ман кормандони милиса бе пешниҳоди ягон ҳуҷҷат гузаронданд», - мегӯяд Ҳомидов.
Ба гуфтаи ӯ, ду моҳи охир писараш дар маркази тиббии ноҳия фаъолиятро оғоз карда буду қаблан муҳочири меҳнатӣ буд. «Охирон маротиба шаби аз 31-уми март ба 1-уми апрел ӯро духтур зинда дида буд. Ӯ гуфтааст, ки саломатии Низомиддин хеле бад аст ва бояд ӯро оҷилан ба беморхона баранд…Ӯро куштанду боз то 1-уми апрел ба ман ҷасадашро надоданд. Ман чанд соат дар дами дари ШАКД истодам, лекин ба назди писарам маро иҷозат надоданд», - нақл кард падари фавтида.
Ҷунайдуло Ҳомидов илова кард, ки дар тани фарзандаш нишонаҳои марги иҷборӣ дида мешавад: қабурғаҳояш шикаста, дар пушташ, дастонаш ва гарданаш доғи кабуди латма дида мешавад. «Онҳо мегӯянд, ки фарзанди ман худро бо таҳпӯшаш овехта куштааст. Гӯиё ин корро дар боздоштгоҳи муваққатӣ карда бошад. Оё имкон дорад, ки бо як таҳпӯш одам худро кушад? Ман ин боздоштгоҳи муваққатиро надидаам ва барои ҳамин гуфта ҳам наметавонам, ки оё дар он ҷо имкони худкушӣ вуҷуд дорад ё не. Аммо ҷасади писарам тамоман бараҳна дар долони милисахона буд. Ва дар тамоми баданаш нишонаҳои шиканҷаро дидан мумкин буд. Ду доғи кабуд дар гарданаш нишонаи он аст, ки ӯро буғӣ кардаанд», - нақл кард Ҷунайдуло Ҳомидови 61-сола.

Ба гуфтаи ӯ, номи пурраи нафаронеро, ки дар «куштори фарзандаш» даст доранд, намедонад. Аммо бо боварии комил мегӯяд, ки «дар содир намудани ин ҷиноят» панҷ корманди ШВКД даст доштанд.
Ӯ аллакай бо мактуби расмӣ ба прокуратураи генералӣ муроҷиат карда, аз Шерхон Салимзода баррасии саривақтӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкоронро хостааст.




Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста