Дар шабакаи иҷтимоии YouTube наворе санаи 11-уми сентябр аз шабакаи Al Belad News пахш гардид, ки аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин навор Олим Юсуф Маҳмадшариф худро аз Душанбе муаррифӣ мекунад ва дар бораи чӣ гуна пайвастан ба шабакаи террористии «ДОЪИШ» қисса мекунад.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар ин навор мавриди бозпурсӣ қарор мегирад, ки бо ин тарз сурат гирифтааст:
- Исми комил, макони тавалудат ва аз кадом кишвар?
- Олим Юсуф Маҳмадшариф, 25-сола, аз Душанбе, Тоҷикистон ҳастам.
-Ангезаат барои омадан ба Сурия ба ҷанг чӣ буда?
- Вақте мо фаҳмидем давлати исломӣ аст, ба ин хотир ин ҷо омадем.
-Бештар тавзеҳ бидеҳ. Яъне давлати исломӣ чӣ фаҳмидӣ? Кӣ туро овард Сурия?
- Абулвалид.
-Корат чӣ буд дар Русия?
- Мо дар Русия кор мекардем, стройка кор мекардем, дар ресторан кор мекардем.
-Чӣ қадар пул ба ту медоданд?
- Нуҳ, даҳ ҳазор рубл пул медоданд.
-Кӣ шуморо бо давлати исломӣ ошно кард?
- Абулвалид.
-Чӣ тавр бо шумо тамос гирифт?
- Ҳамин хел шинос шудем, мо розӣ шудем.
-Дар куҷо дидӣ ӯро ва ч ӣ тавр ошно шудӣ?
- Дар ҷойе, ки машқ мекардем, медавидем. Дар ҳамон ҷо суҳбат кардем, ошно шудем, даъват кард, қабул кардему омадем.
-Чӣ тавр расиди ба Сурия?
- Туркия омадем, се рӯз истодем. Баъд Сурия омадем.
-Кӣ овард он ҷо?
- Абулвалид.
-Чӣ қадр дар Туркия ва Сурия мондед?
- Чор рӯз дар Туркия мондем. Баъд Сурия даромадем, нуҳ моҳ дар Сурия мондем.
-Аз Русия то Туркия бо паспорт рафтӣ?
- Паспорт.
-Кадом шаҳри Туркия будӣ?
- Номи аэропортро фаромуш кардам.
-Кадом шаҳри Сурия рафтӣ?
- Намедонам, пиёда даромадем.
-Нуҳ моҳ дар Сурия будед ва намедонед дар кадом шаҳр будед?
- Дар Сурия маконамон Раққаҳ ва Сатта ъушрин буд.
- Сатта ъушрин шаҳр аст ё бодагон?
- Маҳалла.
-Чӣ қадар мондед?
- 14 рӯз.
-Бо кӣ байъат кардед?
- Умар Шишанӣ.
-Чанд нафар буданд дар бодагон?
- 18-20 нафар.
-Аз чӣ қавмиятҳое буданд?
- Араб, қафқоз…
-Чӣ силоҳҳоро омӯзиш медоданд?
- Силоҳ калаж, фақат калажомӯзиш мекарданд. Тир надошт.
-Таърихи омаданат ба Сурия?
- Нуҳ моҳ пеш.
-Баъд аз он ки омӯзишро тамом кардӣ, куҷо рафтӣ?
- Дар Сурия мегаштем, бародарона кумак мекардем. Дар Раққаҳ зиндагӣ мекардем.
-Баъдаш куҷо рафтед?
- Ҳамон ҷо зиндагӣ мекардем.
-Чӣ тавр вориди Ироқ шудед?
- Абулвалид медонист, ки ман намедонам ... Гуфт меравем Ироқро тамошо мекунем. Вақте ки дохили Сурия даромадем.
-Чӣ тавр ворид шудед?
- Аз Сурия ба Ироқ бо мошин ворид шудем.




Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ ба амал овард
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста