Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Мирбек Қосимқулов ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя, зимни мулоқот роҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳо доир ба вазъ дар марзи давлатӣ ва дигар ҳудудҳои берунаи қаламрави ИДМ таббодули назар намуда, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.

«Дар ҷараёни гуфтушунид ба масъалаи тадбирҳои муштараки дуҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва ҳаллу фасли вазъҳои мухолифатомез дар марз таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ба намояндагони мақомоти марзбонии вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Қирғизистон дастур дода шуд, ки нақшаи амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои низоъ дар марзро таҳия намоянд», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, бо мақсади пешгирии низоъҳо миёни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ оид ба масъалаҳои обу замин ва дигар ҳолатҳои хоҷагидорӣ, тасмим гирифта шудааст, ки ба фаъолияти намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ҳарду ҷониб тақвият бахшида шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳарду ҷониб барои нигаҳдориву густариши робитаҳои дӯстиву ҳамҷаворӣ, зарурати баргузории чорабиниҳои гуногуни муштарак миёни ҷавонон, аз ҷумла ба муносибати ҷашни Рӯзи сарҳадбонро таъкид намудаанд.