Дар вилояти Хатлон нисбат ба солҳои қаблӣ камшавии сатҳи гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ба мушоҳида мерасад.

Тавре Искандар Солеҳзода, сардори РВКД дар вилояти Хатлон зимни сӯҳбаташ бо сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод, бо шарофати бурдани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ, дастгирии волидайн ва ҷомеа, сатҳи гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 149 ҷиноятҳои дорои характери ифротгароӣ ва террористӣ ба қайд гирифтаву ошкор ва аз рӯи ин далелҳо 111 нафар шаҳрвандон дастгир ва ба маҳбас кашида шуданд.

Asia-Plus

Солеҳзода таъкид дошт, ки дар ҷангҳои мазҳабии кишварҳои Сурия ва Ироқ 200 ҳамватанони мо кушта шудаанд, ки касе намедонад дар куҷо ва чӣ гуна хок шудаанд.

«Бояд қайд кард, ки солҳои пеш 1462 нафар  ҷавонону наврасони вилояти Хатлон ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил дошта, аз ин шумор то ба имрӯз бо дастгирии падару модарон ва дигар сохторҳои давлати 1334 нафарашон ба Ватан баргардонда шуданд, - хотиррасон намуд ӯ. - Мутаассифона, 128 нафари онҳо барнагаштаанд»

Сардори Раёсати ВКД дар вилоят гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи гаравиши ҷавонони мо аз таҳсили ғайрирасмии онҳо дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар маншаъ мегирад.

 

Asia-Plus

Ба андешаи ӯ, муҳимтарин самти пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳои ифротгарову тарерористӣ тарбияи дурусти маънавию ҷисмонӣ  ва инкишофи ҳисси ватанпарастӣ дар ботини онҳо мебошад.

«Ҳамчунин  аз таблиғоти гуруҳҳои ифротгарову террористӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон, пешгирӣ кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва таассуби  динӣ байни ҷавонон, мусоидат ва тавсеъа бахшидани эҳсосоти худшиносию  садоқат ба ватан, фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи ҳуқуқию фарҳангии ҷавонон мебошад», - зикр кард номбурда.

Искандар Солеҳзода дар поёни сӯҳбаташ ба ҳамаи шаҳрвандон ва аҳли ҷомеъа барои дастгирии мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳои ифротгарою террористӣ миннатдорӣ изҳор намуд.

Қобили зикр аст, ки Искандар Солеҳзода собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ чанде қабл ба курсии сардори РВКД дар вилояти Хатлон таъин гардида, ин аввалин вохӯрии Солеҳзода ба ҳайси сардори ин ниҳод  бо сокинони вилоят мебошад.  Дар ин вохӯрӣ беш аз ҳазор нафар сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.