Сарбозону афсарони Артиши халқии озодихоҳи Чин дирӯз бо мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳи худ ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ омаданд.
Дар гузаргоҳи сарҳадии назоратии “Қулма-Қарасӯ” байни марзи Тоҷикистону Чин сарбозон ва афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Чинро намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён.
Ротаи Қувваҳои Мусаллаҳи Чин дар тамринҳои ҳарбии зиддитеррористӣ, ки аз 8 то 14 авгнуст дар ноҳияи бевосита бо Афғонистон ҳамсарҳади Ишкошими ВМКБ доир мегардад, иштирок мекунад.
Дар тамринҳо як баталйони сарбозону афсарони воҳидҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва як ротаи Артиши халқии озодихоҳи Чин иштирок мекунанд.
Низомиёни Тоҷикистону Чин дар тамринҳо амалҳои муштаракро ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба қаламрави Чин мавриди таҷрибаву амал қарор медиҳанд.
Барои иштирок дар тамринҳо ҳамчунин авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ низ сафарбар мешавад.
Қобили зикр аст, ки ба ин монанд тамринҳои низомиёни ду кишвар моҳи октябри соли 2016 низ дар ВМКБ баргузор шуда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста