Бо вуҷуди баргузории гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ, омодагии ҳар ду кишвар ба ҳалли мушкилот дар сарҳад ва хотима бахшидан ба низоъҳо, боз ҳам дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳар сари чанд вақт муноқишаҳо рух медиҳанд. Баъзан задухӯрдҳои мусаллаҳона низ ба амал меоянд, ки дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб одамон ҳалок мешаванд.

Дар натиҷаи низои шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се хизматчии ҳарбии точик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ба ҷуз ин, аз ҷониби Тоҷикистон боз панҷ хизматчии ҳарбӣ ва занону ду нафар кӯдак захмӣ шуданд. Дар бораи 13 нафар захмиён Вазорати тандурустии Қирғизистон низ хабар дод.

Бо ишораи “нуқтаҳои даргир” дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва шарҳи сабабу низоъҳои охир мо харитаи интерактивӣ таҳия кардем. Ҳамчунин дар харита постгоҳҳои назоратӣ қайд шудаанд.

“Нуқтаҳои даргир” бо тасвири алангаи оташ, постгоҳҳои назоратӣ бо аломати Stop нишон дода шудаанд (барои хондани шарҳ ба рӯйи тасвир пахш кунед).

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.