Рӯзи 2-юми январ бар асари фаромадани тарма дар километрҳои 55, 62 ва 73-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ шуда буд.
Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, ин роҳ то ҳол баста мебошад.
Вай афзуд, ки дар қитъаҳои зикршудаи роҳ тармаҳои зиёд фаромада, дар дигар қитъаҳо низ хавфи фаромадани он вуҷуд дорад.
Бо қарори муштараки Раёсати БДА ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати нақлиёт, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои тозакунии роҳ аз тарма ва барфи зиёд идома доранд.
“Кормандони Кумита ва филиали ширкати IRS, ки дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани ин роҳ ба зиммаи он вогузор шудааст, 2-юми январ наздики 150 нафар мусофирону ронандагони байни тармаҳо дармондаро ба ҷойи бехавф кӯчониданд”, - иброз дошт Юсуфӣ.
Ба гуфтаи номбурда, онҳое, ки ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд, бо хӯроки гарм ва кумаки тиббӣ таъмин гаштанд.
“Дар бораи кушодани роҳ ва барқарор шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ВАО хабар дода мешавад”, - изҳор дошт Юсуфӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳанӯз 31-уми январ дар бораи эҳтимоли фаромадани тармаҳо дар ағбаҳои Тоҷикистон огоҳӣ ба нашр расонида буд. Кумита боисрор аз аҳолӣ даъват ба амал оварда буд, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё роҳҳое, ки хатари лағзиши тарма доранд, масофаро ҷиддан риоя кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста