Тавре хабар дода будем, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазир Азим Иброҳим фардо, 14-уми январ дар шаҳри Исфара бо ҳайати Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Жениш Раззоқов доир ба пешгирии муноқишаҳо дар марзи ду кишвар гуфтушунид мекунад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҳайати Тоҷикистон аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ иборат аст.
“Ҳайати Тоҷикистон умедвор аст, ки дар Исфара бобати минбаъд роҳ надодан ба муноқишаҳо дар сарҳад ва ҳалли ниҳоии масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани созмондиҳандагони ин низоъҳо созиш ҳосил мешавад”, - қайд кард манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон гурӯҳҳои доимо амалкунандаи иборат аз харитасозон, мутахассисони масоили геодезӣ ва коршиносон ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад машғуланд.
Дар доираи гуфтушуниди рӯзи 14-уми январ дар Исфара баргузории вохӯриҳои ҷудогонаи роҳбарони Прокуратураи генералӣ, ВКД ва хадамоти сарҳадбонии кишварҳо аз эҳтимол дур нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста