Аввали соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон се нафарро дар шаҳри Душанбе боздошт карданд, ки аз онҳо 44 килову 410 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд.
Директори Агентӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки ду тан аз боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафараш шаҳрванди Афғонистон мебошад. Маводи мухаддири мусодирашуда аз 39 кило афюн ва 5 килову 410 грамм ҳашиш иборат аст.
“Мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳаммаслакони онҳоро дар Афғонистон муайян карда, бо кумаки ҳукумати ин кишвар ба ҷавобгарӣ кашем”, - қайд кард Салимзода.
Вай афзуд, нисбат ба боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дар боздоштгоҳи пешакӣ қарор доранд.
Салимзода ҳамчунин зикр кард, ки моҳи январи соли ҷорӣ кормандони Агентӣ 15 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва 46 килову 470 грамм маводи мухаддир мусодира карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста