Дар доираи сафари корӣ ба Эрон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода рӯзи 2 июн дар шаҳри Теҳрон бо сардори Маркази полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак пешниҳод гардид, ки Намояндагии полиси Эрон дар Тоҷикистон ва Намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Эрон боз карда шавад.
Гуфта мешавад, дар робита ба ин самтҳои фаъолияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкориҳо дар доираи Бюрои марказии миллии «Интерпол» ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ Рамазон Раҳимзода аз фаъолияти Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон шиносоӣ пайдо намуда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ боздид ба амал овард.
Зикр мегардад, ки Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон дар самти роҳандозии амалиётҳои махсус, пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти хизматии худро пеш мебаранд.
Ҳамчунин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз машқҳои тактикии Нерӯҳои вижа бо нишон додани фаъолияти ин ниҳод, ки дар сатҳи баланд доир гардиданд, ошноӣ пайдо намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста