Раиси КДАМ Қирғизистон минтақаеро, ки имрӯз Тоҷикистон дар он ҷо посбонҳои марзияшро ҷо ба ҷо карда ва континерҳо гузоштааст, минтақаи баҳсӣ номидааст. Тошиев, ки имрӯз ба ин минтақаи мавриди баҳс сафар карда буд, ин суханонро дар як наворе гуфт, ки телевизиони давлатии ин кишвар нашр кардааст.
Ҷониби Қирғизистон даъво дорад, ки Тоҷикистон дар мавзеъи Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯш 1000 метар дар даруни ҳудуди ин кишвар континерҳояшро ҷобаҷо кардааст. Қирғизистон ин кори Тоҷикистонро нақзи тавофуқоти ҳосилшуда миёни ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду кишвар медонад.
Аммо Тоҷикистон ин иддаои Қирғизистонро бепоя медонад. Тоҷикистон мегӯяд, ки ин як минтақаи мушаххасшуда бар асоси протоколҳои муштараки ду тараф аст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз дар як изҳорот гуфт, ки "посбонони марзии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки пештар бар асоси пртоколи муштараки ду кишвар мушаххас, хатгузорӣ ва мувофиқа шуда буд. Марзбонони тоҷик қаламрави моро ҳимоя мекунанд ва ҷобаҷо кардани посбонони марзӣ бар асосии усули баробарӣ (паритет) сурат гирифтааст".
Тошиев имрӯз баъди сафараш ба ин минтақа гуфт, ки ин мавзеи мушаххасшуда нест. "Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”,--гуфтааст Тошиев.
Субҳи рӯзи 4-уми июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар марз бо Тоҷикистонро “муташанниҷ” унвон кард.
Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки марзбонони тоҷик дар мавзеи баҳсӣ вагону контейнер гузоштаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ "дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Ба бофандагон, дӯзандагон, кулолгарон... Дар Суғд ба 60 зани ҳунарманд грант медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста