Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон 13,98 километри дигари гузариши хати сарҳади давлатии ду кишварро мувофиқа намуданд.
Дар ин бора як манбаъи огоҳ аз ҷараёни кори гуруҳи корӣ ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Манбаъ гуфт, қитъаи навбатӣ дар ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кории ду кишвар, ки рӯзҳои 12 – 18 октябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор гардид, муайян шуд.
“Ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, кори тавсифи минтақаҳои боқимондаро идома медиҳанд”,- таъкид кард манбаъ.
Вай афзуд, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд ва аз натиҷаи он Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш хадамоти матбуотии вилояти Суғд аз вохӯрии навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд зери роҳбарии раисони кумитаҳои амнияти ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев хабар дода буд.
Аз ин пештар, 2-юми октябр онҳо дар Қирғизистон вохӯрда, Проколи №44-ро ба имзо расониданд.
Дар бораи муҳтавои ин протокол иттилоъ дода намешавад, танҳо баъди имзои проткол дар наворе Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев гуфтанд, ин протокол асос мешавад, ки ҳама гуна масъалаи марзиро ҳал кунем.
Баъди чанд рӯзи ин вохӯрӣ, Девони вазирони Қирғизистон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар шаҳри Бонканд 43,32 километри дигари сарҳадро мувофиқа кардаанд.
Аммо зикр намегардад, ки мушаххасан кадом қитъаи сарҳад мувофиқа шудаву мазмуни протоколи имзошуда чӣ аст.
Танҳо дар моҳи октябр, Комисияи корӣ оид ба мушаххас кардани сарҳади давлатӣ байни ду кишвар беш вз 50 км хати марзро мувофиқа карданд.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш, баъди изҳори назари Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки гуфт, “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд” таниши лафзӣ сурат гирита буд.
Дар пайи ин изҳорот, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Душанбе Эрлан Абдилдаевро ба бинои ваъзорат даъват карда, “нигаронии ҷониби Тоҷикистон”-ро расонид.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда - зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешавад.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста