Рӯзи 17-уми октябр дар Қазоқистон ҷаласаи дуюми котибони Шӯрои амният ва мушовирони амнияти миллии Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабаргузории “Newscentralasia” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин нишаст Насрулло Маҳмудзода, котиби Шурои амнияти Тоҷикистон ширкат кардааст. Инчунин, дар нишасти мазкур Аҷит Довал, мушовири амнияти миллии Ҳиндустон ва мушовирону котибони амнияти миллии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, ки Туркманистон дар ин нишаст ҳамчун намоянда иштирок кардааст.
“Зимни ҷаласа масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардидаанд. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва экологӣ табодули ҳамаҷонибаи афкор доир шуд”, - омадааст дар хабар.
Инчунин, дар нишасти мазкур ҷонибҳо вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба амнияту субот дар минтақаро низ баррасӣ кардаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, Ҳиндустон аз дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки барои истифода аз бандари Чобаҳор барои тиҷорати баҳрӣ дар долони байналмилалии ҳамлу нақли Шимолу Ҷануб (INSTC) шомил шуда, истифода баранд. Ҳоло гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон ва Туркманистон омодаи пайвастан ба INSTC ҳастанд.
Дар ҷараёни мулоқот Ҳиндустон пешниҳод карда, ки Форуми замини нодири Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад, ки ҳадафаш таҳкими шарикӣ дар соҳаи унсурҳои нодири замин ва маъданҳои стратегӣ мебошад. Чунин ҳамкорӣ метавонад, ба манфиати тарафайн бошад.
Дар ин ҷаласа тасмим гирифта шудааст, ки нишасти сеюми мушовирони амнияти миллии котибони Шӯрои амнияти Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар соли 2024 дар Қирғизистон баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки Мулоқоти котибони Шӯрои амнияти давлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон бори аввал соли 2022 баргузор гардида буд.
“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?
“Бани одам аъзои якдигаранд...”. Таҷлили Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар сафорати Эрон дар Душанбе
Мусодираи таппончаҳо ва норинҷаки таълимӣ. Боздошти падару писар дар пайи муноқиша бо кормандони пулис
Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия
Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг?
450 шатранҷбоз аз 13 кишвар. Гузориш аз мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷ дар Душанбе
“Наям ман сустимони сабукбор!”. Ёде аз муаллим ва шоир Бобониёз Надиров
Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд
Сел роҳҳоро баст ва шамол шифти хонаро барканд. Зарари офатҳои табиии 24 соати охир дар ВМКБ
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста