Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» - Миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар симои вазири маориф - Абдуҷаббор Раҳмонов ва Колеҷи ҷамъиятии иёлоти Вирҷини (NOVA)- и ИМА, дар симои ноиби президенти колеҷ Полл Маквей,таърихи 20 апрел дар шаҳри Душанбе, меморандуми ҳусни тафоҳум ба имзо расид.
Тавре вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов иброз дошт, ҳуҷҷати мазкур бо мақсади дастгирии толибилимон, донишҷӯён, аспирантҳо ва омӯзгорон барои гирифтани таҳсили фаннӣ дар хориҷа ба тасвиб расид.
Ба гуфтаи ноиби президенти колеҷи NOVA Полл Макквей, колеҷи мазкур дуввумин бузургтарин муассисаи таълимии Амрико маҳсуб гашта, дар он беш аз 78 ҳазор донишҷӯ аз 180 давлати ҷаҳон аз рӯйи 170 ихтисос таҳсили илм доранд.
«Колеҷи мо бо муассисаҳои бонуфузи олии Амрико созишнома дорад. Мувофиқи он хатмкунандагони коллеҷ имкон доранд бидуни озмун таҳсили худро дар ин муассисаҳо идома диҳанд. Аммо пас аз хатми коллеҷ аксарият ба кор шуруъ мекунанд, зеро алакай мутахассис маҳсуб мегарданд»,- афзуд Полл Макквей.
Меморандум барои се сол имзо шуда дар доираи амалисозии он тарафҳо воситаҳои ҳамкориро ба манфиати теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик, ки дар Амрико таҳсили илм карданиянд, баррасӣ хоҳанд кард.
Бояд қайд кард, ки зимни вохӯрӣ чунин меморандуми ҳусни тафоҳум миёни коллеҷи NOVA ва Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналхалқӣ»-и назди Вазорати маорифи кишвар ба тасвиб расид.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста