Қӯрғонтеппа. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ду занро, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид.
Бино ба гуфти Ҳасан Мӯъминов, судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа, Зӯҳро Муҳаммадҷонова ва Мавлуда Мавлонова бо моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ташкилотхои динӣ гунаҳкор дониста шуда, онҳо ба миқдори 10 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда ба 35 сомонӣ баробар аст) ҷаримабандӣ шуданд.
Ба қавли судя, онҳо дар манзилҳои истиқоматии худ бидуни иҷозати мақомоти дахлдори давлатӣ аз 7 то 10 нафар духтаронро ба таълим додани дини ислом фаро гирифта будаанд. «Ҳамчунин боз як парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати як зани дигар, ки ӯ низ бидуни иҷозатнома ба таълими динӣ машғул будааст, мавриди баррасии суд қарор дорад», - афзуд Ҳ.Мӯъминов.
Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соли равон дар вилояти Хатлон 39 далели роҳандозии таълими ғайриконунии динӣ ба наврасон дар манзилҳои истиқоматӣ ошкор шудааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста