Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз замони дар пойтахт ҷорӣ шудани тарофаҳои нави аризши роҳкирои нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахт ягон арзу шикоят нисбати ронадагон ворид нашудааст, - мегӯяд Субҳон Сафиаллоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Комисиияи доимӣ оид ба масоили нақлиёт, коммуникатсия ва роҳҳо.
Ба қавли ӯ, ба телефонҳои боварии маъмурият шахсони номаълум дар ин хусус занг мезананд, вале маъмулан рақами автомашина ва ному насаби ронандаро, ки худсарона қимати роҳкироро боло бурдааст, гуфта наметавонанд. «Дар зарфи як моҳ аз ҷониби ситоди шаҳрӣ, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ, БДА ва идораи санитарию эпидемиологӣ шомиланд, 1100 ҳодисаи қонуншиканӣ аз ҷониби ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро ошкор гардид», - мегӯяд вай.
Дар зикри навъҳои қонуншиканӣ С.Сафиаллоев изҳор кард, ки 104-тои он ба масъалаи бидуни иҷозатнома ба мусофиркашӣ машғул будан, 22-то ба идораи автомашина бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ, 231-то ба тағйири хатсайр ва 198-то ба боздоштани нақлиёт дар ҷоий манъшуда марбутанд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ҳамчунин гуфт, мушкилоти аслии имрӯза ба Душанбе воридшавии нақлиётест, ки дар ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шуда, барои кор дар пойтахт иҷозатнома надоранд. «Ҳамарӯза ҳудуди 2 ҳазор адад нақлиёти мусофиркаши ноҳиҳои тобеи марказ мусофирони худро дар макони муқарраршудаи даромадгоҳи шаҳр пиёда накарда, онҳоро то маркази шаҳр мерасонанд ва ин дар навбати худ, ба беҳад зиёдшавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт боис мегардад», - таъкид кард ӯ.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста