Кӯлоб. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоб дар остонаи оғози моҳи Рамазон қимати халтаи орд ба миқдори 3 сомонӣ (135 сомонӣ) ва нон ба андозаи 25% (аз 2 то 2,5 сомонӣ) боло рафт.

Сарфи назар аз даъватҳои ҳукуматдорон бобати дар арафаи моҳи Рамазон боло набурдани қимати маводи ғизоӣ, фурӯшандагон ба таври маъмулӣ қимати маводи ғизоиро аз 3 то 12% зиёд карданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти иттифоқи «Тоҷикматлубот» хариду фурӯши маводи ғизоӣ бо нархи аз бозор арзонтар ва ифтитоҳи нуқтаҳои фурӯш барои истеҳсолкунандагони деҳаҳои наздики шаҳрро таъмин накарда, аз иҷрои ӯҳдадориҳои худ набаромад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар чанде аз кӯчаҳо фурӯши сабзавоту мева ба роҳ монда шуда бошад ҳам, вале ин мушкилотро ҳал насохтааст, зеро мардум барои харид асосан ба бозор мераванд ва дар он ҷо то ҳанӯз миёнаравон ҳукмронанд. «Имрӯз бо иштироки намояндагони шӯъбаи «Тоҷикматулубот»-и шаҳру вилоят масъалаи фаъолияти ин сохтор баррасӣ мешавад ва шояд бо исрори маъмурияти шаҳр мақомоти раҳбарии сохтори мазкур иваз карда шавад», - гуфт Ҳ. Абдуллоев.