- Шурӯъ аз 1-уми август ҳукуматдорони Туркманистон таҳсили шаҳрвандони ҷавони худ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро манъ карданд, - иттилоъ медиҳад «Хроника Туркменистана».
Бино ба маълумоти оҷонсии интернетии мазкур, «ҷавонони туркманро бидуни ҳеҷ шарҳе аз гузаргоҳи «Фароб»-и ҳаммарз бо Ӯзбекистон ба хонаҳояшон бозпас мегардонанд».
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Қутбиддин Фатҳуллоев гуфт, айни замон дар ин донишгоҳ беш аз 1600 нафар донишҷӯёни туркман таҳсили илм доранд, аммо соли равон пас аз таътили тобистона шумори бениҳоят ками онҳо ба дарсҳо ҳозир шудаанд.
«Чанде қабл сафорати Туркманистон дар шаҳри Душанбе донишгоҳи моро огоҳ сохт, ки донишҷӯёни туркман ҳатман ба таҳсил ҳозир мешаванд, - гуфт Қ. Фатҳуддинов. – Перомуни бо кадом сабаб манъ кардани таҳсили донишҷӯёни туркман дар кишвари мо чизе маълум нест».
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати саривақт барнагаштан ва ҳузур надоштан дар миқдори муайяни машғулиятҳо, онҳо аз донишоҳ хориҷ карда хоҳанд шуд.
Ҳодисаҳои ба ин монанд қаблан ҳам ба вуқӯъ пайваста буданд. Соли 2009 ҳукуматдорони Туркманистон ба таҳсили илми ҳудуди 160 нафар донишҷӯёни туркман дар Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Бишкек воқеъ аст, низ монеъ шуда буданд. Онҳоро ба рӯйхати «хурӯҷашон аз кишвар манъ» шомил гардонида ва танҳо бо гузашти якуним сол ва ба туфайли инъикоси мунтазами ин масъала дар ВАО, инчунин фишори дипломатҳои амрикоӣ ҳукуматдорони Туркманистон ба идомаи таҳсили онҳо дар Булғория ва шаҳри Санкт-Петрбурги Русия иҷозат доданд.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста