Рӯзҳои наздик сафорати Тоҷикистон дар Русия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, онҳоро ба фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав ва вокзали роҳи оҳани Қазон сафарбар месозад.
Тавре аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, гурӯҳҳои кории мазкур ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати бозгашт ба ватан бидуни мушкилоте мусоидат менамоянд, зеро аксари муҳоҷирон бо фаро расидани фасли сармо маҳз тавассути фурудгоҳ ва истоҳи роҳи оҳани зикршуда ба ватан бармегарданд.
Дар сафорат зикр карданд, ки дар мавсими бозгашти оммавии муҳоҷирон ба ватан дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан шахсони алоҳида ё гурӯҳҳои шубҳаноке пайдо мешаванд, ки ба муҳоҷирон ёрии худро дар харидани билет, барасмиятдарории бағоч ва интиқоли пули нақд пешниҳод месозанд.
«Солҳои қаблӣ чанде аз муҳоҷирон дар натиҷаи зудбоварии худ ба ваъдаҳои ин ашхосу гурӯҳ фирефта шуда, аз маблағҳои зиёди пулӣ маҳрум гаштаанд», - гуфтанд дар сафорат.
Бо мусоидати намояндагии ВКД-и Тоҷикистон дар Русия, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар дар Маскав ва ҳамчунин мувофиқа бо маъмурияти фурудгоҳи «Домодедово» ва истгоҳи роҳи оҳани Қазон навбатдории ҳамарӯзаи ин гурӯҳҳо ташкил карда мешавад.
«Мо аз шаҳрвандони тоҷик даъат мекунем, ки аз хизмати ашхоси ношиноси «дилсӯз» даст кашида, дар сурати ба мушкилот дучор шудан ба аъзои гурӯҳҳои мазкур муроҷиат намоянд», - афзуд манбаъ.
Дар зер рақами телефонҳое оварда шудаанд, ки дар сурати ба мушкилот дучор омадан ҳамватанони мо метавонанд ба он занг зананд: 8-926 798 67 85; 8-925 078 53 45; 8-903 763 87 56; 8-925 879 40 20; 8-926 153 99 71; 8-910 416 75 54; 8-926 349 33 28; 8 -926 339 55 68.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста