Соҳибкорони тоҷик ба Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) таҷҳизоти нави муосири тиббӣ тақдим намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таҷҳизот аз ду навъи томограф, дастгоҳи рентгенӣ ва дастгоҳи таҳқиқи ултрасадо иборат буда, ин таҷҳизот нисбат ба таҷҳизоти мавҷуда дар беморхонаи ёрии таъҷилии тиббӣ пуриқтидортар аст.
«Агар дар таҷҳизоти мавҷудаи қаблӣ танҳо беморони вазнашон то 80 кило метавонистанд муоина шаванд, акнун чунин имкон ба беморони вазнашон то 160 кило низ муҳайё гардид», - гуфтанд дар маркази матбуоти вазорат.
Ба гуфтаи директори Маркази миллии тиббӣ Абдукарим Шехов, қаблан шаҳрвандони кишвар барои муоина ба давлатҳои гуногун мерафтанд ва имконоти беморхонаи ёрии таъҷилӣ низ нокофӣ буд, зеро беморонро лозим меомад, ки муддати зиёд навбатпойӣ намоянд.
«Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки маркази мо шабонарӯзӣ фаъолият карда, арзиши муоина низ барои шаҳрвандон дастрас хоҳад буд», - афзуд номбурда.
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста