Дар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия мушкилоти навбатии марбут ба пардохт нашудани маблағи пулии муҳоҷирзани тоҷик аз ҷониби корфармо ҳаллу фасл гардид.
Тавре аз Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР хабар доданд, муҳоҷирзани тоҷик Алиматова Матлуба, истиқоматкунандаи деҳаи Куртаки ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба намояндагии мазкур бо аризаи надодани музди меҳнаташ аз тарафи ширкати «Арт Клин Сервис» ба маблағи 20.000 рубли русӣ муроҷиат намудааст.
«Корманди Намояндагӣ А. Ӯрунов дар рафти санҷиши аризаи мазкур далелҳо оиди напардохтани музди меҳнати муҳоҷирзанро аз тарафи корхонаи қайдгардида тасдиқ намуда, пас аз вохӯрӣ бо директори ширкати «Арт Клин Сервис» музди меҳнати Матлуба Алиматова баргардонида шуд», - гуфтанд дар намояндагӣ.
Дар ҳамин ҳол, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия таваҷҷуҳи муҳоҷирони кории тоҷикро ба он ҷалб мекунад, ки сабабҳои асосии ба ин мушкилот афтодани муҳоҷирони меҳнатӣ, ин вобаста ба ҷиҳатҳои пасти маънавиёти онҳо доир ба надонистани ҳуқуқу қоидаҳои коргарони хориҷӣ дар кишвари иқомат мебошад. Фисади зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бе бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ –ҳуқуқӣ дар шакли хаттӣ бо фармоишгарони кор , ба фаъолияти меҳнатӣ мепардозанд.
Гуфта мешавад, ҳамчунон муҳоҷирон ба ӯҳдадориҳои меҳнатии худ, яъне кадом корро шурӯъ бояд кунанд ва дар кадом мӯҳлат , инчунин андозаи маошашон ва мӯҳлати пардохти он диққати ҷиддӣ надода, дар охири кор ба асорати қарзии корфармоёни худ гирифтор мешаванд.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста