Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳру вилояти Москва риштаи ҳаёти чанд тан аз тоҷикистониён канда шуд.
Бино ба итттилои манбаъ, 8 феврали соли равон ҷасади Раҷабов Сино Сулаймонович, (13 майи 1984 таваллуд шудааст, бошандаи вилояти Хатлон, шаҳраки Восеъ, кӯчаи Мир, хонаи 7) дар кӯчаи Покровский Булвари ш. Москва пайдо карда шуда, бино ба натиҷаи ташхиси тиббӣ-судӣ, ӯ аз заҳролудшавии сахт ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба ин ҳодиса, корҳои тафтишотӣ аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии байниноҳиявии Лефортовои ш.Москва идома дорад. 11 феврал ҷасади Сино тавассути ҳавопаймо (хатсайри №632, Москва-Душанбе) ба Ватан фиристода шуд.
Ҳамчунин, 11 феврали соли ҷорӣ, барои ёриву мусоидатҳои зарурӣ ҷиҳати интиқоли ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Маҷидов Бадриддин Салоҳиддинович (17 ноябри 1969 таваллуд ёфтааст, бошандаи шаҳри Душанбе) ба Ватан ба сафорат муроҷиат шуд. Тавре маълум гаридид, Б. Маҷидов як сол қабл аз маҳбас озод гардида, дар шаҳри Истраи вилояти Москва ба сифати бинокор фаъолият доштааст. Номбурда аз бемории вазнин дар беморхонаи №52 ш. Москва аз дунё гузашта, фиристодани ҷасад ба Ватан баъди натиҷагириҳои тиббӣ сурат хоҳад гирифт.
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед”. Шарҳи ВКХ Тоҷикистон оид ба банд мондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста