Бо мақсади рушди сайёҳии минтақаи кӯҳистони Бадахшон харитаи рангаи мусаввари Бадахшон бо забони англисӣ ба нашр расид.

Харита аз ҷониби Барномаи рушди ҷамоатҳои минтақаи кӯҳистони Бунёди Оғо Хон дар ҳамдастӣ бо КВД «Фабрикаи харитасозӣ»-и назди Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи ҶТ, Бунёди Оғо Хон дар Афғонистон, Барномаи Фокус ва ширкати ороишии «Хушкор» таҳия ва ба табъ расид.

Тавре аз намояндагии Барномаи рушди ҷамоатҳои минтақаи кӯҳистон хабар доданд, харитаи мазкур таҳти унвони «Харитаи Помир: ВМКБ Тоҷикистон ва қаламрави наздимарзӣ» барои сайёҳоне, ки нияти боздид аз Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшонро доранд, пешбинӣ шудааст.

Дар харита оид ба манотиқи ҷолиби сайёҳии Бадахшон ва қаламрави наздимарзии Афғонистон маълумоти муфасаал пешниҳод шудааст. Аз харита сайёҳон дар бораи меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳашон маълумоти зарурӣ дарёфт карда метавонанд.