Муовини сардори Хадамоти федралии муҳоҷирати Русия Анатолий Фоменко ба васоити ахбори умуми Русия изҳор доштааст, ки айни замон дар Русия 1,1 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик ҳузур доранд.

Ба гуфтаи вай, шумори муҳоҷирони кории Ӯзбекистон – 2,5 млн., Украина – 1,3 млн., Озарбойҷон – 599 ҳазор, Қирғизистон – 559 ҳазор ва Молдова 517 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

«Айни замон ҳудуди 7 ҳазор нафар муҳоҷирон аз санҷиш гузашта, оид ба донистани забони русӣ сертификатҳои дахлдор гирифтанд», - иброз доштааст ӯ.

Фоменко гуфтааст, дар Русия тақрибан 250 адад курсҳои омӯзиши забони русии дастрас барои муҳоҷирони корӣ амал мекунад, дар 64 адади онҳо бо мусоидати Хадамоти федералии муҳоҷират ва ташкилотҳои диниву ҷамъиятӣ омӯзиш таври ройгон ба роҳ монда шудааст, вале мушкилот дар он ифода меёбад, ки худи муҳоҷирон хоҳиши омӯзиши забони русиро надоранд.

Бино ба маълумоти расмии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта 744 ҳазору 360 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд, ки 657 нафарашонро мардон ва 85 ҳазору 15 нафарашонро занон ташкил дода, ин шумор нисбат ба соли 2011 ба миқдори 6 ҳазору 31 нафар камтар аст.