Як гурӯҳи вакилони парлумон лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар ҶТ»-ро таҳия кардааст, ки ояндаи наздик ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол мегардад.

Узви Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдураҳмон Хонов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз 10 боб ва 50 модда иборат буда, тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқи кӯдакон ва ҳифзи манфиатҳои онҳоро фаро мегирад.

Ба қавли ӯ, Тоҷикистон 26-уми июни соли 1993 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид ва ӯҳдадориҳо барои амалӣ кардани талаботи ин санади байналмилалиро ба зимма гирифт.

«Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар тавсия ва қайдҳои хотимавии худ таъкид кардааст, ки қонунгузории миллӣ тамоми муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба таври кофӣ инъикос наменамояд. Бинобар ин, бо дарки ин нукта моро лозим меояд, ки чораҳои иловагии қонунгузорӣ биандешем», - иброз дошт вакили мардумӣ.

«Аз ин рӯ, мо як гурӯҳи вакилон - раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, муовини ӯ Насрулло Маҳмудов ва ман бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия кардем, ки дар муҳлати наздик ба Шӯрои МНМО ҶТ пешниҳод карда мешавад», - афзуд Хонов.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва санадҳои қонунгузории Тоҷикистон, ҳар як шахси аз 18-сола хурд кӯдак ба шумор меравад. Мутобиқ ба маълумоти оморӣ, беш аз 30 дарсади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил дода, онҳо барои мамлакат захираи хеле муҳим ба шумор мераванд ва бинобар ин, давлат барои муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати рушду камолоти онҳо саъю талошҳои зиёдро ба харҷ медиҳад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон ҳуқуқҳои кӯдакон дар Тоҷикистон бо Конститутсияи  ҶТ, Кодексҳои оила, меҳнат, ҷиноятӣ ва гражданӣ, Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи ҳифзи саломатӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ татбиқ, ҳифз ва амалӣ мешавад.