Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, тамоми муддати ҳафтаи равон обуҳаво дар Тоҷикистон ноустувор боқӣ монда, обуҳавои абриву боронӣ ва раъду барқ дар назар аст.

Тибқи маълумоти муассисаи обуҳавошиносии кишвар, рӯзи панҷшанбе дар манотиқи кӯҳистон (баландии зиёда аз 2500 метр) барф борида, то ахири ҳафта ба якчанд дараҷа поинравии ҳарорат пешгӯи мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар вилояти Суғд ҳарорат рӯзона 21-26 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳарорати рӯзона дар водиҳо +22+27 ва дар доманакӯҳҳо +19+24 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Дар навоҳии тобеи марказ ҳарорати рӯзонаи обуҳаво дар водиҳо ба +22 +27 ва дар доманакӯҳҳо ба +17+22 баробар хоҳад шуд.

Дар ғарби ВМКБ ҳарорат рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят аз 4 то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Душанбе обуҳавои тағйирёбандаи боронӣ дар назар буда, 22-24 дараҷа гарм мешавад.