Бо қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, ба муносибати 68-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокчиён ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарон кӯмакпулӣ дода мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати вилояти Суғд, ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба маблағи 300 сомонӣ кӯмакпулии яквақата дода мешавад.

Ҳамчунин шахсоне, ки дар ақибгоҳ барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, ба маблағи 250 сомонӣ кӯмакпулии яквақта хоҳанд гирифт.