Дар Донишгоҳи давлатии лингвистии Маскав нахустини Маркази фарҳангу забони тоҷикӣ дар Русия боз шуд.

Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, аз ин ба баъд аксари донишҷӯёне, ки дар ин донишгоҳ ба омӯзиши фарҳангу забони тоҷикӣ машғуланд, барои такмили дониши андӯхтаашон имкони бештар пайдо мекунанд.

Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии лингвистии Маскав ба ин муносибат чорабинии тантанавӣ доир гардида, дар он сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, ректори донишгоҳ академик Ирина Халеева, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов, намояндагони зиёиёни тоҷику рус дар Маскав, донишҷӯён ва хабарнигорон ширкат варзиданд.