Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузориши ҳамасола дар бораи озодии мазҳаб дар саросари ҷаҳон дар соли 2012-ро интишор намуд. Муаллифони гузориш ҳукуматдорони тоҷикро ба нақзи ҳуқуқи аҳолии диндор маломат кардаанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки давлати Тоҷикистон дар маҷмӯъ маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ба озодии мазҳабро доро буда, талаб мекунад, ки ҳама гуна фаъолияти динии аз ҷониби ҳукумат маъқулшуда дар асоси қонунгузорӣ сурат бигирад.

«Қонунгузории Тоҷикистон иштироки ҷавонони синнусоли то 18-сола дар фаъолияти динӣ, ба масҷид рафтани онҳо ва ҳамчунин ҳузури занон дар масҷидҳо барои ибодатро манъ кардааст», - баён мегардад дар иттилои департаменти давлатии ИМА.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба дар кишвар мавҷуд будани ҳудуди 4 ҳазор масҷид ва аз рӯи шумор аз ин ҷиҳат миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф будани Тоҷикистон (як масҷид ба 1,6 ҳазор мусалмонон рост меояд) изҳор мекунад, ки дар ҷумҳурӣ барои диндорон тамоми шароитҳои фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин дар кишвар Донишкадаи исломӣ, шаш мадраса ва як литсейи динӣ фаъолият дошта, ҳамасола озмуни қориёни Қуръон баргузор мегардад.

Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ, ки дар онҳо беҳбуди вазъ дар бахши озодии мазҳаб зарур аст, ҳамчунин Русия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Украина ном бурда мешаванд. Ба акидаи муаллифони гузориш, вазъ дар Афғонистон, Ветнам, Ҳиндустон, Покистон, Индонезия, Сурия, Куба ва ҳатто як қатор кишварҳои аврупоӣ, ки дар онҳо пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд, боиси нигаронӣ аст.

Риоя нашудани озодии мазҳабро ИМА асосан ба маҳдудияти ҳуқуқҳои аққалиятҳои динӣ марбут медонанд. Дар гузориши мазкур ҳамзамон ба мушкилоти яҳудибадбинӣ (антисемитизм) таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ба андешаи департаменти давлатии ИМА, дар чанде аз кишварҳо ин тамоил «дар ҳоли тақвият аст».

Дар як фасли алоҳидаи гузориш давлатҳое чун Венесуэла, Миср ва Эрон зикр шудаанд, ки дар онҳо «мансабдорони ҳукумат, пешвоёни рӯҳонӣ ва ВАО ақидаҳои яҳудибадбиниро изҳор менамоянд». Дар робита ба ин мушкилот дар Аргентина, Маҷористон, Юнон, Русия, Тунис, Украина ва Фаронса муноқишаҳои ҷудогона рух додаанд.