Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Новосибирски Русия омада буд, кабкеро ғайриқонунӣ ба ин шаҳр ворид карданӣ шуд.

Бино ба маълумоти «Комсомольская правда», зимни азназаргузаронии бағочи мусофирони ин хатсайри ҳавоӣ нозирони маҳаллии Раёсати Росселхознадзор дар фурудгоҳи Толмачёво ин парандаро ошкор намуданд.

«Кабкро як шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ бидуни иҷозатномаи Россельхознадзор ва ҳуҷҷати байтории сохта ба Русия ворид карданӣ буд. Бо мақсади роҳ надодан ба сар задани бемориҳои хатарнок вуруди ин паранда ба қаламрави Русия манъ карда шуд», - хабар додаанд аз Россельхознадзор.

Зимнан зикр мегардад, ки сипас кабкро дар ҳуҷраи нигоҳубини ҳайвонот ҷой дода, бо хатсайри ҳавоии наздиктарин ба Тоҷикистон фиристодаанд.