Дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои директорони Ҳамкории сартосарии шарикӣ дар соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар кори он вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ширкат намуд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаи ҷудо намудани грант ба маблағи 16 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ барои маблағгузории лоиҳаи чоруми Фонди ҳамкории сартосарии шарикӣ дар соҳаи маориф тасдиқ гардид. Лоиҳаи мазкур аз 1 сентябри соли 2013 то 31 августи соли 2016 амалӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур масъалаҳои омӯзиши барвақтии кӯдакон, таҳсилоти инклюзивӣ, афзоиши фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти томактабӣ, навсозии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар асоси гузариш аз модели донишандӯзӣ ба модели салоҳиятнокии таълим, тақвияти иқтидори касбии омӯзгорон, рушди инфрасохтор ва заминаи моддию техникии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, тақвияти иқтидори кадрии соҳаи маориф ва баланд бардоштани самаранокии он мавриди омӯзиш ва ҳал қарор дода мешавад.