Иттиҳоди Аврупо ба муассисаҳои омори тиббӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и Тоҷикистон ба маблаги 350 ҳазор евро таҷҳизоти компютерӣ тақдим кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар доираи лоиҳаи «Таҳвили таҷҳизоти ИТ баҳри дастгирии таҳкими низоми иттилоотии бахши тандурустии Тоҷикистон» Иттиҳоди Аврупо муассисаҳои омори тиббӣ ва САҲШ-ро бо 318 компютер, 160 принтер, 4 проектор, 240 модем ва 4 сервер таъмин намуд.

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти мазкур бо мақсади беҳбуди сифати гирдоварии маълумот дар бораи вазъи солимии аҳолӣ дар саросари кишвар, дастгирии қабули қарорҳои асоснок, дарки беҳтари маҳсулнокӣ дар бахши тандурустӣ ва истифодаи бештар пурсамари захираҳо истифода хоҳад шуд.

«Табодули маълумот дар бораи вазъи солимии аҳолӣ ва сифати хизматгузориҳоии тиббӣ ба мақомоти раҳбарии низоми тандурустӣ имкон медиҳад, ки баҳри беҳбуди солимии мардум қарорҳои дурусту мувофиқи мақсад қабул намоянд», - иттилоъ медиҳад маркази матбуоти вазорат.