Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо мутахассиси пешбари Раёсати абадӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан ва ҷабрдидагон аз ҷангҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус Александр Лугин ба дипломати тоҷик медали «Барои шуҷоат»-и дарёфтшуда аз ноҳияи Витебски вилояти Витебск супурда шуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, ин медал ба зодаи Тоҷикистон Качҳар Канаев, ки соли 1944 дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қаламрави Беларус ба ҳалокат расидааст, тааллуқ дорад. Медал минбаъд ба бародари ӯ, ки дар Тоҷикистон иқомат дорад, супурда хоҳад шуд.

Барои фаъолияти пурзаҳмату масъулиятнок ва некхоҳона баҳри ҷустуҷӯ ва дарёфту барқарор кардани маълумотҳо дар бораи ҷанговарони фавтидаву бедаракшуда Қоимдодов ба раҳбарияти Вазорати мудофиа, Раёсати абадӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан ва ҷабрдидагон аз ҷангҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус, созмони ҷавонони «Иттиҳоди «Ватан» ва Маркази иттилоотиву ҷустуҷӯии «Ватан» изҳори миннатдорӣ намуд.