Имрӯз дар Душанбе дар курсҳои такмили ихтисос барои 30 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ дар макотиби таҳсилоти умумии тоҷикзабон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ машғулиятҳо оғоз гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, курсҳои такмили ихтисос бо дастгирии молиявии сафорати мазкур дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон созмон дода шудааст.

«Машғулиятҳо дар курсҳо то 30-юми октябр идома ёфта, дар ин давра оид ба масоили умумии назария ва таълими забони русӣ дар мактаби миёна ва дигар паҳлӯҳои муҳими омӯзиши пурсамари забон дарсҳои назарияву амалӣ баргузор карда мешаванд», - гуфтанд дар сафорати Русия.

Зимнан зикр гардид, ки то ахири ҳамин сол сафорат ният дорад, ки барои баргузории боз як чорабинии ба ин монанд воситаҳои иловагӣ ҷудо намояд.