Рӯзи 3 ноябр ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 175 нафар зиёраткунандагони охирини мавсими ҳаҷи имсола ба фурудгоҳи Душанбе нишаст. Ҳамин тариқ бозовардани ҳоҷиёни тоҷик, ки аз 19-уми октябр шурӯъ гардида буд, 3 ноябри соли 2013 анҷом ёфт.

Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, интиқоли ҳоҷиён аз шаҳрҳои Мадинаи мунаввара ва Ҷидда ба Душанбе тариқи ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ - «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ гардид.

Ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳи Душанбе барои гусел ва қабули зиёратунандагон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин давра ба 24 парвоз, 4691 мусофир ва 149 347 кг бағоч хизматрасонӣ кард.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Бо назардошти ин квота имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат карда, ду нафар тоҷикистониён дар макони муқаддаси ислом аз олам даргузаштанд.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.