Шурӯъ аз рӯзи интихобот бозори бузургтарини пойтахт – «Корвон» ба муддати се рӯз баста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тоҷирони ин бозор хабар доданд, маъмурияти бозор онҳоро огоҳ кардааст, ки рӯзҳои 6, 7 ва 8-уми ноябр фаъолияти бозор қатъ карда мешавад.

«Ба муроҷиатҳои сершумори мо дар бораи зиёни зиёди ин тасмим дар мавсими фурӯши сарлубосу пойафзол, маъмурияти бозори «Корвон» изҳор намуданд, ки ин қарор дар сатҳи мақомоти шаҳрдории пойтахт қабул шудааст», - гуфтанд тоҷирон.

Ба гуфтаи онҳо, дар таҷлили Иди Қурбон (15-уми октябр) низ бозори «Корвон» муддати се рӯз аз фаъолият бозмонда буд.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов дар ин робита хабар дод, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбати тағйири реҷаи кори бозорҳои пойтахт ҳеҷ гуна супориш ё қароре содир накардааст.