Аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи тӯлониро паси сар кард. Ҷумҳурӣ бар бесарусомониҳои сиёсӣ ва этникӣ дар аввали роҳи худ ғолиб омада, инчунин низоми босуботи сиёсӣ ва иқтисодиро бунёд намуд, ки кишварро имкон дод, то ба рушди иқтисодию фарҳангӣ маблағҳои бузург равона созад.

Пойтахти мамлакат – Душанбе зуд тағйир меёбад. Банақшагирии шаҳри муосир ва ғояҳои нави меъморӣ татбиқ шуда истодаанд ва маркази кишвар ба як муҳити васеъ ва сабзи шаҳрӣ табдил меёбад. Китобхонаи миллӣ ва ҳамсояи он, Осорхонаи миллӣ, ки ба наздикӣ ба кори худ шурӯъ карданд, аз такони нави рушд шаҳодат медиҳанд. Осорхона кашфиёти ҳафриётӣ, ҷамъи асарҳои санъат ва коллексияи ашёҳои мавриди таваҷҷӯҳи соҳаи геология ва табиатшиносиро дар як бинои барҳаво ҷой додааст. Ҳамаи онҳое, ки ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ доранд, бояд ақаллан як маротиба онро зиёрат кунанд. Дар байни ашёҳои фарҳангии шоёни диққат нақшу нигори рӯидеворӣ ва ҳайкалҳои чубии асрҳои 7-8 аз Панҷакент, яке аз марказҳои шаҳрии асосӣ дар Роҳи қадимаи абрешимро дидан мумкин аст. Нигораи 12-метраи Буддои хобида дар ҳолати нирвана аз дайри Аҷина-Теппа дар ҷануби Тоҷикистон хеле ҷолиб аст. Дар қатори мероси зардуштӣ ва буддоӣ, давраи исломӣ бо гуногуншаклии худ тасвир ёфтааст. Миҳроби чубии асрҳои 9-10 бо нақшу нигори куфӣ, андоваҳои ороишӣ аз Ҳулбук, инчунин кулолиҳо, маснуоти металлӣ ва асбобҳои мусиқӣ аз маҳаллу давраҳои гуногун сазовори диққати меҳмонон ҳастанд.

Самтҳои асосии фаъолияти иқтисодии кишвар, ба монанди истеҳсолоти пахта ва саноати алюминий бештар аз самаранокии инфрасохтор ва дастрасӣ ба обу нерӯ вобаста мебошанд. Шабакаи роҳҳои автомобилӣ ва роҳҳои оҳан дар давраи рушд қарор дорад ва нақбҳо, ба монанди нақби Шаҳристон, ки соли 2012 ба кор андохта шуд, Тоҷикистонро ба кишвари муассири транзити босуръат дар роҳ аз Осиё ба Аврупо мубаддал мегардонад. НОБ-и Роғун ва лоиҳаҳои монанди мақсаднок оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ на танҳо барои саноат ҳаётан муҳим ҳастанд, балки навоҳии дурдасти мамлакатро бо барқ таъмин хоҳанд кард. Коркарди захираҳои маъданӣ ва ашёи хом қадами навбатии табиӣ дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад.

Дар робита бо чунин рушди босуръати иқтисодӣ, имкониятҳои нав барои тадқиқоти археологӣ ва сайёҳӣ муҳайё шуда истодаанд. Қисми бузурги ноҳияҳои кӯҳистон ҳоло ҳам аз ҷиҳати археологӣ тадқиқношуда ё танҳо каме маълум мебошанд. Тавсеаи инфрасохтор имкон медиҳад, ки олимони тоҷик дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои байналмилалӣ минтақаҳоро тадқиқот намоянд. Яке аз чунин мисолҳо кашфи Карон – маҳалле дар ноҳияи Дарвоз – мебошад, ки дар баландии дарё дар сарҳад бо Афғонистон қарор дорад.

Зимни сафари худ ба Карон ба наздикӣ, ман бо чашми худ дар бузургии маҳал яқин шудам, ки танҳо як сол қабл аз ҷониби доктор Юсуф Ёқубов аз Академияи улуми Тоҷикистон кашф шуда буд. Ӯ бо ҳамроҳони худ, аз ҷумла доктор А.Никитин аз Осорхонаи Эрмитаж дар Санкт-Петербург акнун маъракаи дуюми кофтуковии худро ба анҷом расониданд. Ин маҳал дорои таърихи тулонӣ буда, он дар даврони биринҷӣ дар ҳазораҳои 3-2 то милод аллакай фатҳ шуда буд. Ин шаҳраки калон буд, ки бо девораҳо иҳота ёфта, дорои якчанд бинову иншоот буд. Бинои марказӣ, эҳтимолан ибодатхонаи оташи зардуштӣ ё қасри хурд, ҳоло ҳам дар раванди кофтуков қарор дорад. Баъзе сафолпораҳо ва сиккаҳои давраи Кушониён, ки таҳти шикастпораҳо ёфт шудаанд, санаи барвақти ин бинои пурасрорро тасдиқ мекунанд, ки дар муддати асрҳо барқарор ва тағйир меёфт. Бинои калони муаллақ низ яке аз хусусиятҳои тадқиқшаванда мебошад. Дар яке аз баландиҳо, дар назди боқимондаҳои иқоматгоҳҳо ва минтақаи саноатӣ, ки дар он гудозиши чӯян сурат мегирифт, қасри хурди Темуриён кашф карда шуд. Карон ба таърихи Дарвоз ва Тоҷикистон посухҳои зиёд дорад ва он дар меҳвари диққати ҳафриётшиносони сершумор дар солҳои оянда қарор хоҳад дошт. Маҳал пас аз боздиди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 октябр расман эътироф гардид ва бешубҳа ба мавзеи тамошои туристии минтақавӣ табдил хоҳад ёфт. Ҳокимияти маҳаллӣ барои дастрасӣ ба ин маҳал роҳи фаръӣ сохт – ба ин ҷо кас танҳо пиёда ё аспсавор метавонист биёяд – ва сохтмони осорхонаи хурд бо иқоматгоҳ ва ҳуҷраҳои омӯзишӣ барои олимони даъватшуда дар назар аст. Карон яке аз ёдгориҳои археологии Тоҷикистон хоҳад шуд, ки рӯйхати мавзеъҳои боздидшавандаро, ба монанди Панҷакент, Ҳулбук, Ҳисор ва дигарон тавсеа медиҳанд. Сайёҳоне, ки ба табиати беназири Помир таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд дар бораи зиёрати ноҳияи Дарвоз низ фикр бикунанд. Самимият ва меҳмондӯстии аҳолии маҳаллӣ, зебогии беҳамтои гирду атрофи он, ҳамаи ин ба онҳое, ки имконияти боздид кардан доранд, аз ҷумла олимон ва сайёҳон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, таассуроти хотирмон мегузорад.