Буҷети вилояти Суғд дар соли 2014 беш аз 1 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод.

Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум,  баъди баррасии масъалаи мазкур  вакилон  буҷети  вилоятро барои соли 2014 бо афзоиши 24,8 дарсад  дар  ҳаҷми 1млрд. 38 миллион сомонӣ  тасдиқ намуданд.

Ҳаҷми қисмати даромади буҷет дар соли оянда бидуни назардошти андози иҷтимоӣ 1 млрд. 105 млн. сомониро ташкил хоҳад дод. Қисмати хароҷот дар ҳаҷми 1 млрд. 038 млн. сомонӣ пешбинӣ мегардад.

Раиси вилояти суғд Қоҳир Расулзода ба вакилон хотиррасон намуд, ки буҷети вилоят барои соли 2007  аз рӯи хароҷот ва даромад ҳамагӣ 149 миллион сомонӣ тасдиқ шуда буд.

Бори нахуст дар буҷети соли ояндаи вилояти Суғд барои рушди хоҷагии коммуналии шаҳру навоҳӣ ҷудо кардани маблағҳои назаррас пешбинӣ шудааст.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ҳамчунин дар бораи хусусигардонии иншооти моликияти коммуналӣ ва давлатӣ қарори дахлдор қабул намуда, масъалаи тағйири номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин, корхонаву муассисаҳо ва макотиби таҳсилоти умумӣ дар қаламрави вилоятро низ баррасӣ намуданд.