Дар зарфи 10 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар ҳудуди 33 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 32,3%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур беш аз 103 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 60 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, қариб 43 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танафффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфаромён вобаста аст», - мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон наздики 6,7 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи беш аз 2,7 млн. сомонӣ (ҳудуди 573 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми ноябри соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ ҳудуди 80 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 55,6 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра ҳудуди 17 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва беш аз 4,2 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба зиёда аз 2,6 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои Агентӣ, дар давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ қариб 184 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд.