Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои “Душанбе-Плаза”-и шаҳри Душанбе Маркази миллии тестӣ якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бо дастгирии Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия (READ), Бонки ҷаҳонӣ ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон муаррифии «Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд.

Тавре аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд, дар маросими муаррифӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷабборова, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саидов, роҳбари шӯъбаи илм ва маорифи дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар А. Нозимов, роҳбари барномаи (READ) дар Тоҷикистон аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ С.Бозорова ва роҳбари Шуъбаи Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад З.Ҳалимова, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Лякин-Фролов, роҳбарони мактабҳои олӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони сохторҳои соҳаи маориф, мушовирони байналмилалӣ ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии ин ҷаласа ба аҳли ҷомеа ошно намудани тартибу қоидаҳо ва расмиёти имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ва тақсими донишҷӯён ба донишгоҳу доникадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тавассути Маркази миллии тестӣ аз соли 2014 оғоз мегардад.

Гуфта мешавад, ҷорӣ намудани низоми нав – бо тартиби мутамарказ ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар заминаи иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба рушд ва пешрафти соҳаи маориф ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маросими муаррифӣ суханронии директори Маркази миллии тестӣ Ҷаъфаров С., муовини аввали директор Менглиев Б. ва сардорони шуъбаҳои Маркази миллии тестӣ дар назар дошта шудааст.