Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Қазон раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо муфтии Тотористон Комил ҳазрат Самгуллин мулоқот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, зимни мулоқот М.Кабирӣ ба муфтӣ барои мусоидаташ дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ, таълиму тарбия ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълими исломии Тотористон изҳори миннатдорӣ намуд.

«Дар навбати худ муфтии Тотористон нақши диаспораи тоҷикон дар рушди масҷидҳо ва таблиғи фарҳанги исломӣ дар Русияро шоиста арзёбӣ намуд», - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, муфтии Тотористон ҳамчунин ба Муҳиддин Кабирӣ дар бораи фаъолияти худ маълумоти муфассал дода, ӯро бо китобхонаи электронӣ ва интернет-радиои муфтиёт шинос кард.