Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки директори созмони байнулмилалии «Миссия Восток» Барбара Ҷеймс ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов маросими ифтитоҳи маркази барқарорсозии саломатии кӯдакони қобилияти ҷисмониашон маҳдуд баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози ин лоиҳа дар созмон Раҷабалӣ Раҳмонов хабар дод, ин дуюмини чунин марказ дар шаҳри Кӯлоб мебошад, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо «Миисия Восток» ба фаъолият мепардозад.

«Бартарии марказҳои ифтитоҳгардида дар Кӯлоб ва Ховалинг дар он ифода меёбад, ки онҳо дар назди кӯдакистонҳо ҷойгиранд ва кӯдакон бидуни эҳсоси маҳдудият дар муҳити ягона бо ҳамсолони худ таълиму тарбия мегиранд», - гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии созмони байнулмилалии «Миссия Восток» дар Тоҷикистон 4 маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон – дуто дар шаҳри Кӯлоб ва яктогӣ дар ноҳияи Ховалингу шаҳри Панҷакент ба фаъолият оғоз кард.